ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ ТАНЗИМИ АНДОЗӢ-МОЛИЯВИИ ИҚТИСОДИЁТ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Исматов Хушрӯз Ҳасанович, Нурзода Фаридун Раҳмон · CyberLeninK (CyberLeninka) · 2026
Ҷанбаҳои назариявӣ ва методии танзими андозӣ-молиявии иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Моҳият, сохтор ва вазифаҳои механизми танзими андозию молиявиро ҳамчун яке аз афзорҳои калидии сиёсати давлатии иқтисодӣ таҳлил намуда, нақши он дар таъмини суботи макроиқтисодӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ асоснок карда шудааст. Дар таҳқиқ мафҳумҳои «механизми андоз», «механизми молиявӣ» ва «механизми танзими андозию молиявӣ» дар маънои васеъ ва маҳдуд баррасӣ гардида, робитаи мутақобилаи онҳо дар низоми идоракунии давлатии иқтисоди миллӣ нишон дода шудааст. Сохтори бисёрсатҳаи механизми танзим, субъекту объектҳои он, шаклҳо, усулҳо ва афзорҳои амалии таъсиррасонӣ баррасӣ шудааст. Таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба сиёсати андозию молиявӣ, зарурати мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва тақвияти шаффофият ва назорати молиявӣ асоснок карда мешавад. Хулоса шудааст, ки такмили механизми танзими андозию молиявӣ омили муҳимми рушди устувори иқтисоди миллӣ буда, истифодаи ҳадафмандонаи афзорҳои фискалӣ ва молиявиро тақозо менамояд.
Cited by 0 works. doi:10.24412/3005-8023-2026-1-34-44 Open-access PDF