БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗАГИРӢ ВА АРЗЁБИИ РУШДИ “САБЗ” ДАР МИНТАҚАҲО

Самадова Заррина Акрамджоновна · CyberLeninK (CyberLeninka) · 2026

Мақола ба яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бахшида шуда, дар он гузариш ба иқтисодиёти сазб ва андозагирии он дар назария ва амалия баррасӣ гардидааст. Моҳияти иқтисодиёти сабз ва иқтисодиёти даврагӣ кушода дода шуда, марҳилаҳои гузариш ба иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Методологияи арзёбӣ ва нишондиҳандаҳои стратегии рушди “сабз”, ки аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ таҳия шудаанд, мавриди таҳлили қиёсӣ қарор гирифтаанд. Нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба таъсири моддаҳои зарарнок ба атмосфера дар миқёси Тоҷикистон ва минтақаҳои он бо истифода аз усули “декаплинг” таҳлил карда шудааст. Чораҳои зарурӣ ҷиҳати андозагирии иқтисодиёти сабз ва самаранокии он пешниҳод гардидаанд.

Cited by 0 works. doi:10.24412/3078-395x-2026-1-7-135-145 Open-access PDF

Authors