ФОНДИ КАФОЛАТИ ҚАРЗҲО ДАР НИЗОМИ АФЗОРҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ-ҚАРЗИИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Рахматова Заррина Исламовна, Исматов Хушрӯз Ҳасанович · cyberleninka.ru · 2026
Нақш ва аҳаммияти Фонди кафолати қарз дар низоми афзорҳои танзими давлатии молиявию қарзии рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардидааст. Масъалаҳои асосии дастрасии маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба захираҳои молиявӣ, махсусан қарзҳои бонкӣ ва талаботи баланд ба таъминоти гарав таҳлил шудаанд. Дар асоси маълумоти оморӣ вазъи бозори қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоюли рушди сандуқи қарзии низоми бонкӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Зикр гардидааст, ки таъсиси Фонди кафолати қарз метавонад ҳамчун механизми муассири коҳиш додани хавфҳои қарзӣ ва баланд бардоштани дастрасии соҳибкорон ба маблағҳои қарзӣ хизмат намояд. Инчунин, таҷрибаи байналмилалии истифодаи чунин механизмҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии ташаккул ва рушди Фонди кафолати қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Cited by 0 works. doi:10.24412/3005-8023-2026-2-162-174